Амрико алайҳи Сурия таҳримот ҷорӣ карда, ИА низ зоҳиран дар посух ба саркӯбии эътирозҳо аз сӯи режими раиси ин ҷумҳурӣ Башор Асад ба эъмоли чунин таҳримот омодагӣ мебинад. Бо дастури раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, алайҳи ожонси иктишофии Сурия ва ду тан аз пайвандони Асад бо иттиҳоми нақзи ҳуқуқи инсон таҳримот ҷорӣ кардаанд.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки то кунун ҳам таҳти таҳримоти Амрико қарор дошт, акнун бо иттиҳоми кумак ба мақомоти Сурия дар роҳи саркӯбии эътирозҳо ба таҳримоти нави Вошингтон рӯбарӯ шуд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт: «Таҳримоти имрӯз эълоншуда қасд дорад ба давлати Сурия нишон диҳад, ки рафтору аъмолаш ба масъулият кашонида мешавад ва онҳо бояд ҷиҳати расидагӣ ба хостҳои қонунии мардум ва эҳтиром ба ҳуқуқи онҳо иқдом кунанд.»
Мақомоти ИА низ дар нишасти Брюссел ҷиҳати эъмоли таҳрими фурӯши аслиҳа ва таҷҳизоте, чун ҷавшану маводи мунфаҷира, ки метавонад дар саркӯбии эътирозҳо истифода шавад, ба тавофуқи муқаддамотӣ даст ёфтаанд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон «тағйири билофосилаи сиёсати раҳбарони Сурия»-ро ҳадафи аслии ин тадобир номид.