Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон


Иддае аз шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон аз номуайянии будубоши худ дар ин кишвар шикоят мекунанд.

Ба қавли онҳо, Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар омода кардани санадҳои сукунат ва фаъолияти қонуниашон таъхир мекунад ва ин ҳол мӯҷиби сарбасарии онҳо бо пулис ва пеш нарафтани соҳибкориашон шудааст.

НОБАСОМОНӢ ДАР ТАҲИЯИ АСНОДИ ХОРИҶИЁН

Саидаҳрор, ки худро шаҳрванди Афғонистон муаррифӣ кард ва чанд сол ба ин сӯ бо хонаводааш дар Душанбе ба сар мебарад, мегӯяд, ҳар моҳ кумиссиюни вижаи хадамот асноди хориҷиёнро аз назар мегузаронад ва хулосаашро дар бораи будубоши онҳо мебарорад: «Ана, корти ман дар 5-уми март халос шуд. Он ҷо ҳуҷҷатҳои моро гирифтанду як справкаи муваққатӣ то 15-уми апрел доданд. Аммо 15-уми апрел вақте омадем, ҳуҷҷатҳои мо гум шуда буданд. Боз кори мо ба комиссияи дигар 15-уми май монд. Қаблан танҳо ба вазоратхона мерафтем, котиб ҳуҷҷатҳоро мегирифту пас визаамон тамдид мешуду иҷозаи фаъолияти корамон ҳам. Ҳоло маҷбурем, худ идора ба идора гашта ҳуҷҷат омода кунем.»

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ КАЙ БА КОР ОҒОЗ МЕКУНАД?

Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми январи соли равон ташкил шуд. Ин хадамот, ки дар заминаи раёсати муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ таъсис ёфтааст, масъули танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷу дохили Тоҷикистон аст. Ҳамчунин бархе вазифаҳои марбут ба муҳоҷирати вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ба зиммаи ин хадамот вогузор шудааст.

Аммо бо гузашти се моҳ аз таъсис, ин ниҳод ҳанӯз пурра ба фаъолият оғоз накардааст. Анвар Бобоев, муовини аввали раиси Хадамоти муҳоҷират ин ин нуктаро таъид карда ва гуфт, ки танҳо се корманди ин ниҳод, ба шумули Сафиалло Девонаев, раҳбари хадамот ва ду муовинаш тасдиқ шудаанд.

Вай афзуд, тайи як-ду моҳи оянда барои раёсату шӯъбаҳои ин хадамот бояд тариқи озмун кормандон ҷалб карда шаванд: «Барои онҳое, ки дар Тоҷикистон ҳамчун корфармо ва ё муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият мекунанд, иҷозаи расмии Комиссияи литсензионӣ ё муҷавиздиҳӣ зарур аст. Азбаски сохтори мо ҳанӯз такмил нашудааст, ин комиссия ҳам ташкил нашудааст. Пас аз он мо хориҷиёнро ҳамчун муҳоҷири корӣ ба қайд мегирем.»

ТАЪХИР ДАР КОРУ ФАЪОЛИЯТИ ХОРИҶИЁН

Ин дар ҳолест, ки як тоҷири эронӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, дар ҳоли ноком шудан дар хадамот, ӯ ба вазорати хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардааст ва чанд рӯз боз мунтазири посух аст ва ин вазъ рӯи фаъолияти соҳибкориаш низ асар гузоштааст.

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷ дорад ва ҳукумати кишвар ҳам ба бартараф кардани монеаҳо мекӯшад, таъхир дар фаъолияти Хадамоти муҳоҷират будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷирони хориҷиро, ки то 10 ҳазор нафар тахмин зада мешавад, ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад кард.

"МОНЕАЭҶОДКУНӢ БА НАФЪИ КОР НЕСТ"

Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси тоҷик мегӯяд, азбаски сиёсати дарҳои бозро Тоҷикистон сармашқи сиёсати хориҷии худ эълом доштааст, пеш омадани ҳамчунин як мушкили фаннӣ ба нафъи кор нест: «Таъхир дар таҳияи асноди соҳибкорону муҳоҷирини хориҷӣ, бешак ба зиёни кор аст. Хадамоти муҳоҷират бояд оҷилан як санади муваққатиеро барои коруфтодагон таҳия кунад, ки бигзор то пурра ба фаъолият шурӯъ карданаш мутахассисони хориҷӣ дар кишвар ба мушкил дучор наоянд. Аз ҳама муҳим, хадамоти муҳоҷират бояд ба фаъолият шурӯъ кунад.»

Дар ҳамин ҳол Анвар Бобоев мегӯяд, то пурра ба фаъолият шурӯъ кардани Хадамоти муҳоҷират, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар сохтори зидахли вазорати корҳои дохилӣ раводиди хешро тамдид кунанд.

Аммо соҳибкорони хориҷӣ мегӯянд, дар ин амр низ як қатор монеаҳо, аз ҷумла бархӯрд бо пулис ва дигар мақомот пеш хоҳад омад, ки будубошашон дар Тоҷикистонро мушкил хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG