Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи нашрияҳо: 28-уми апрел


Таҳаввулоти Либия, интизориҳо аз паёми президент ва талошҳои барчидани ҳайкали Ленин дар зодрӯзи ӯ, аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи ин ҳафта мебошанд.

«Дунё» дар матлабе зери унвони «Васияти Муаммар Қаззофӣ» аз қавли Қаззофӣ навиштааст, ки «ман имрӯз зери зарбаи пурқувваттарин артиш дар таърихи ҷанг қарор дорам ва «писар» - и хурдии африқоии ман Обама мехоҳад маро бикушад, манзил, тиб, таҳсилотва ғизои бепули моро аз байн бибарад ва ҳамаи инро бо номи «капитализм» иваз намояд. Қаззофӣ дар ин васиятномаш гуфтааст, ки «онҳо медонанд, ки кишвари мо мустақил ва озод аст, дар шиканҷаи мустамликадорон нест, медонанд, ки диди ман, роҳи интихобкардаи ман барои халқам фаҳмо боқӣ мемонад, ман то нафаси охирин барои озодиамон мубориза мебарам ва иншооллоҳ бо кӯмаки Парвардигор мо содиқу озод боқӣ хоҳем монд».

ИНТИЗОРОТИ МАРДУМ БАРОВАРДА ШУД?

«Озодагон» ба баррасии паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба парлумон пардохта ва навиштаст, ки «президент Раҳмон бори дигар аз сифат ва шеваи фаъолияти мансабдорони ҳукумати худ интиқод ба амал овард. Чунин мавқеъгириҳои раҳбари Тоҷикистонро наметавон ҳатто сенсатсия гуфт. Ҳадди аққал барои он, ки барои бори аввал нест, ки ӯ дар ин бора сӯҳбат мекунад. Соли 2002 вақте сафари расмӣ ба Амрико дошт, ӯ дар яке аз суханрониҳояш аз ҷумлаи мушкилоти аслии кишвар, маҳз мафкураи бюрократӣ доштани аксарияти мақомдоронро мисол овард».

«Наҷот» дар ин росто суоли «интизориҳои Шумо аз паёми президент бароварда шудаанд?» -ро матраҳ кардааст, ки дар посухи он Ҳуриниссо Ғаффорзода, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Оштии Миллӣ» гуфтааст, «интизори бештари ман сари масъалаи рушди ҳаматарафаи манотиқи кишвар буд, вале таассуф аз он, ки ҷиҳати ин масъала чизе гуфта нашуд.».

Аммо Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки «чизи аз ҳама муҳим дар паём ин буд, ки ҳадафҳои стратегӣ дар оянда ба эътибор гирифта шудаанд. Музди меҳнати соҳаи буҷет баланд карда мешавад, Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия ва қабул мегардад, ҳамкории давлат ва аҳзоби сиёсӣ матраҳ аст ва ғайраву ғайра...».

"ТАЪРИХ ҲАЙКАЛШИКАНОНРО МАҲКУМ ХОҲАД КАРД"

«Фараж» мақолаи «Исмоили Сомонӣ ба ҷои Ленин» -ро ба зодрӯзи Владимир Ленин, доҳии коргару деҳқон ихтисос дода ва навиштааст, ки дар арафаи зодрӯзи Ленин, ки 22-юми апрел аст, мақомоти расмӣ тасмим гирифтанд, ки муҷассамаи бузурги ӯро дар шаҳри Хуҷанд канда, дар ҷояш ҳайкали Исмоили Сомониро насб кунанд. Суоли кушода ин мемонад, ки иваз шудани ҷараёни ғояпарастӣ ба шоҳпарастӣ чӣ паёмаде дошта метавонад.

«Азия Плюс» дар ин мавзӯъ аз қавли Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон навишт, ки «замоне фаро мерасад, ки ҳайкали Ленинро боз ба ҷои худаш меоранд».

Ҷаноби Шабдолов мӯътақид аст, ки таърих он касонеро, ки алайҳи муҷассамаҳои давр ба истилоҳ «ҷанг» эълон кардаанд, маҳкум хоҳад кард».

МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ЗАРУР АСТ?

“Имруз нюс» фаъолияти Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумонро ба баррасӣ гирифта навиштааст, ки «ҳатто бовар ҳам аст, ки дар долонҳои ҳукумати иҷроия ба ин фарзия расидаанд, ки дигар барои ҷомеаи Тоҷикистон Маҷлиси Миллӣ ё палатаи болоӣ зарурат надорад».

Ба навиштаи нашрия, «бо назардошти таҷрибаи бархе кишварҳо, ки бо низоми якпалата фаъолият доранд, иддае аз коршиносон мегӯянд, ки чунин тарз барои Тоҷикистон низ метавонист муфид бошад."

ЧАРО ТОЛИБИ САМАРҚАНД НАБОШЕМ?

«СССР» дар матлабе «Чаро толиби Самарқанд набошем?», навиштааст, ки «таърих гувоҳ аст ва оламиён хуб медонанд, ки Самарқанду Бухоро марказҳои тамадунни мардуми ориёӣ -суғдӣ буда, аз ин шаҳрҳо ҳазорон олимон, шоирон, нависандагон, файласуфҳои оламшумуле ба арсаи ҳастӣ қадам гузошта, бо забони тоҷикӣ асарҳо офарида худро бо ҳамин забон ба оламиён муаррифӣ кардаанд... Пас чаро мо ҳақ надошта бошем, талаб намоем, ки Самарқанд шаҳри тоҷикон асту он ҳаққу ҳаллоли Тоҷикистон бояд бошад?».

Нашрия ибрози умедворӣ кардааст, ки бошад, ки мардуми ҳамхуну якнажоди асрҳо бо ҳам зистаи Тоҷикистону Самарқанду Бухоро боз ба ҳам оянду пайванд ба хешу ақрабо гарданд.

ПАНҶИ ПУРМУШКИЛ...

«Миллат» дар матлаби «Фишори баланд. Панҷи пурмушкил мушкили «глобалӣ» надорад?» дар мисоли ҳукумати вилояти Хатлон ҳамкории ҳукумати маҳаллӣ бо мардумро ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, ки «агар дар сатҳи вилоят тамоми мушкилоти маҳал ошкор шавад, ҳалли худро меёбанд. Чун мақомоти вилоят барои гуфтугӯ бо мардум ва шиносоӣ бо вазъи воқеии зиндагии халқ таваҷҷӯҳи зиёд пайдо кардааст».

Нашрия афзудааст, ки «баъди паёми Президент ва паси сар шудани ҳаводиси Рашт, ҳукумати вилояти Хатлон барои ба мардум наздик шудан усули навро (сафари раиси вилоят ба ноҳияҳо) рӯи даст гирифтааст».

Бо ин ҳам ба таъкиди нашрия «ҳанӯз ҳам миёни ҳукумат ва мардум сангарҳои маънавию маъмулӣ вуҷуд дорад. Ва ҳақиқат дар ҳама мавридҳо вақте ошкор мешавад, ки ин девори байн бардошта шавад. Мусаллам аст, ки бештар аз мансабдоррони сатҳи навоҳӣ ва ҷамоат ин деворро бардошта наметавонанд. Зеро ин девор худи онҳо мебошанд».

АНДОЗҲОИ БЕИСОФОНА ВА ПАЁМАДҲОИ ОН

«Нигоҳ» дар пурсиши «Андозбандии беинсофона ба чӣ оварда мерасонад?» аз қавли Муҳаммад Фармонзода, соҳибкори тоҷик овардааст, ки «аз оғози соли ҷорӣ пардохти молиёт дар кишвар боло рафт. Ба якборагӣ тағйир ёфтани меъёри андоз ин дар назари аввал барои барзиёд ҷамъоварӣ кардани будҷаи кишвар менамояд, вале дар воқеъ ин ба заиф шудани иқтисоди кишвар оварда мерасонад».

Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик низ бар инаст, ки «андозҳои беинсофона ягон паёмади хубе надоранд. Дар шароите, ки тамоми кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон маблағҳои буҷаро коҳиш медиҳанд, дар мо баръакс».
XS
SM
MD
LG