Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои ИМА ба вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон


Амрико гузориши солонаи худро дар мавриди озодиҳои динӣ дар саросари олам ба нашр расонид.

Комиссияи амрикоии нозири озодии байналмилалии динӣ дар гузориши солонаи худ мегӯяд, ки соли 2010 низ ба мисли чанд соли дигар вазъи озодии динӣ дар Тоҷикистон бадтар шуд.
Комиссия: ҳукумати Амрико бояд дар чорчӯби САҲА нақзи озодии дин дар Тоҷикистонро танқид намуда, моҳи октябри соли 2011-ум аснои арзёбии вазъи Тоҷикистон дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ ин масъаларо гӯшрас кунад...


Муаллифони гузориш менависанд, давлати Тоҷикистон ҳар фаъолияти динии мустақил аз назорати давлатиро зери фишору муҷозот қарор медиҳанд.

Ин фишор асосан рӯи аксарияти мусулмонҳои кишвар буда, вале ақаллиятҳои динӣ, ба вижа пайравони мазҳаби протестантии дини насронӣ ва "Шоҳидони Яҳво"-ро дар бар мегирад.

Муаллифони гузориш хотирнишон мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ибодати "Шоҳидони Яҳво"-ро манъ намуда, 17 пайрави ин мазҳаб бо иттиҳоми ҷиноии барангехтани ихтилофи байнимазҳабӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Солҳои гузашта ҳукумати Тоҷикистон як канисаи яҳудӣ, як калисои насронӣ ва се масҷидро тахриб намуда, тоату ибодат дар 75 масҷидро манъ кардааст, ки аз ҷумла дарҳои 50 масҷид дар ибтидои соли 2011-ум баста шудаанд.

НАТИҶАҲОИ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ДИН

Мақомот тамоми ибодатгоҳҳоро аз қайди дубораи давлатӣ гузронида, даҳҳо масҷидро бастаанд
Бо ишора ба ин нигарониҳо Комиссияи амрикоии нозири озодии байналмилалии динӣ Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои “мавриди назар” нигаҳ доштааст. Ин ҷумҳурӣ соли 2009 баъд аз қабули қонуни нави дин дар Тоҷикистон ба ин рӯйхат шомил шуда буд.

Ба қавли муаллифони гузориши солона қонуни дин дар Тоҷикистон гурӯҳҳои диниро бо тақозоҳои сангини фурӯбаранда мувоҷеҳ кардааст. Он фаъолиятҳои динии берун аз сабтиномшударо мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор медиҳад, таълими мустақили диниро манъ мекунад, таблиғу даъват ба тағйири динро манъ менамояд, шумора ва миқёси масҷидҳоро маҳдуд мекунад.
Муаллифони гузориш ба ҳукумати ИМА машварат додаанд, ки ба лоиҳаи қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи наврасон, ки ҳуқуқи наврасонро маҳдуд мекунад, мухолифат намояд...


Ҳамчунон ин қонун имкон медиҳад, ки ҳукумат дар интихоби имом-хатибон дахолат кунад ва ин қонун аз созмонҳои динӣ талаб мекунад, ки барои мулоқот бо ҳамдинҳои хориҷӣ иҷозат гиранд ва билохира ин қонун нашри адабиёти динӣ ва вуруди он аз хориҷро низ таҳти назорати ҳукумат қарор медиҳад.

ТАРҲИ ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН

Комиссияи амрикоии нозири озодии байналмилалии динӣ ёдовар шудааст, ки тарҳи қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон ширкати наврасон дар чорабиниҳои диниро манъ намуда, иштироки онҳо танҳо дар маросими дафнро иҷозат медиҳад.

Бар илова занон аз тоату ибодат дар масҷидҳо маҳрум буда, ҳақ надоранд дар муассисаҳои таълимӣ бо рӯсарӣ ҳозир шаванд. Мардон бошанд, ҳақ надоранд дар биноҳои ҷамъиятӣ бо риш дохил шаванд.

Ин комиссия дар идомаи гузоришаш навиштааст, ки Тоҷикистон аз нуқтаи назари стратегӣ барои ИМА муҳим аст. Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дошта, тоҷикони Афғонистон дар умури Афғонистон нақши бузург доранд.

МАШВАРАТҲОИ КОМИССИЯ


Муаллифони гузориш бо назардошти аҳамияти Тоҷикистон ба амнияти минтақавӣ мегӯянд, ИМА бояд ба озодии дин дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар кунад. Ба қавли онҳо Амрико бояд аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунад, ки дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ қонунҳояшро ба меъёрҳои байналмилалмӣ мутобиқ созад.

Аз ҷумла муаллифони гузориш ба ҳукумати ИМА машварат додаанд, ки ба лоиҳаи қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи наврасон, ки ҳуқуқи наврасонро маҳдуд мекунад, мухолифат намояд.

Комиссияи амрикоии нозири озодии байналмилалии динӣ бар ин назар аст, ки ҳукумати ИМА бояд дар чорчӯби Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо нақз ё помолшавии озодии дин дар Тоҷикистонро танқид намуда, моҳи октябри соли 2011-ум аснои арзёбии вазъи Тоҷикистон дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ ин масъаларо гӯшрас кунад.
XS
SM
MD
LG