Ҳарчанд доираҳои расмӣ ин нуктаро таблиғ мекунанд, ки узвият дар ин иттиҳод мушкилоти иқтисодии Қирғизистонро осон хоҳад кард, шахсоне низ ҳастанд, ки пайвастан ба иттиҳоде бо Русияву Қазоқистон ва Беларусро зери суол мебаранд.
Алмазбек Атамбоев, нахуствазири Қирғизистон аз шаҳрвандони кишвараш хост, ки аз тасмими ҳукумат ба узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ ҷонибдорӣ кунанд.
Вай дар авоили моҳи ҷорӣ гуфт, ки “пайвастан ба ин иттиҳод бо Русияву Қазоқистон ва Беларус марзҳои моро таҳким мебахшад ва ба шароити кору зисти тақрибан ним миллион шаҳрвандони Қирғизистон дар ин кишварҳо беҳбуд мебахшад.”
Вале намояндагони баъзе нирӯҳои мухолифон мегӯянд, ки ин кор ҳеҷ бартарӣ надорад. Ду кишвари дигар Украина ва Тоҷикистон низ аз наздик ин равандро мушоҳида мекунанд, зеро онҳо низ мехоҳанд ба ин иттиҳод дохил шаванд.
Яке аз мушкилиҳои байналмилалии узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди гумрукӣ ин аст, ки ин кишвар узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат низ аст. Қирғизистон аз нахустин кишварҳои Шӯравии собиқ буд, ки дар соли 1998 ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат даромад. Он вақт Эсенгул Омуралиев сарпарастии ҳайати Қирғизистонро дар музокироти узвият дар ин созмони ҷаҳонӣ бар ӯҳда дошт.
Вай мегӯяд, узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ чандон суди иқтисодӣ надорад: “Пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукӣ қабл аз ҳама масъалаи сиёсист, баъд масъалаи иқтисодӣ. Агар мо ба низоми тиҷоратии Қирғизистон назар андозем, дар он саҳми Русия ва Қазоқистон 32 дарсади тиҷорати хориҷиро ташкил мекунад. 68 дарсади дигар барои ҳамаи кишварҳои дигари ҷаҳон боқӣ мемонад. Агар мо шарту шароити Иттиҳоди Гумрукиро қабул кунем, дар он сурат сарнавишти ин 60 дарсад бо кишварҳои боқимонда чӣ хоҳад шуд. Мо ҳам манофеи иқтисодӣ дорем ва касе набояд соҳибкорони моро фаромӯш кунад.”
Дарвоқеъ 68 дарсади боқимонда яке аз мушкилоти тиҷорати хориҷист. Тақрибан 70 дарсади тиҷорати хориҷии Қирғизистонро воридот ташкил медиҳад. Тибқи гузориши ахир, ки барномаи Рушди СММ дар торнамои худ ҷой додааст, боҷи гумрукии Қирғизистон ба ҳисоби миёна 5,1 дарсадро ташкил медиҳад, дар сурате, ки боҷи Иттиҳоди гумрукӣ 10,1 дарсад мебошад. Дар он сурат Қирғизистон фарқияти ин дарсадиро ба кишварҳои дигари узви Сомони Ҷаҳонии Тиҷорат дар сурати додугирифт бо онҳо бояд пардохт кунад.
Бино ба ҳисоби тақрибии баъзе коршиносон, ин фарқият соле тақрибан 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. 11-уми апрел хабаргузории “24.kg” гузоришеро аз номи иқтисоддонони мустақил ва USAID ба нашр расонд.
Дар ин гузориш пешбинӣ мешавад, ки агар Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ дарояд, воридот аз кишварҳои хориҷӣ коҳиш меёбад ва он ба даромади будҷа хеле зарар меорад. Даҳҳо ҳазор тоҷири қирғиз бо хариди колоҳои камсифати Чин машғуланд ва онҳоро дар кишварҳои ҳамсоя ба савдо мезананд. Боло бурдани пардохтҳои гумрукӣ ба даромади онҳо зарба мезанад.
Вале ин ақида низ вуҷуд дорад, ки дар сурати даромадан ба Иттиҳоди гумрукӣ дастрасии тоҷирон ба бозорҳои минтақаӣ беҳтар мешавад ва сармоягузорони Русияву Қазоқистон дар Қирғизистон бештар сармоягузорӣ хоҳанд кард.
Ин гузоришҳо низ вуҷуд дорад, ки агар Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ дарояд, Русия 1,5 миллиард доллар ба Қирғизистон ҷубронпулӣ хоҳад дод, ҳамон зараре, ки ин кишвар аз ҳисоби воридот аз кишварҳои дигари хориҷӣ хоҳад дид. Вале чунин ваъдаҳо бори аввал нест.
Пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукӣ қабл аз ҳама масъалаи сиёсист, баъд масъалаи иқтисодӣ...

Як шахси ба ман шинос,хам хамаги чор панч сол дар гумруки Истаравшан кор карда иморатхои дукабата ва сохиби заминхои наздихавлишии бехисоб шуд,то хол аз хисоби фуруши заминхою доллархои захиракардаащ кайфу сафо карда гаштааст,агар гуед,ки харомхури гунохи азим аст,мегуяд: ин гапи ( неудачнико) аст.
Посух ба шахрванд!Оё ту медони,ки шахри Истаравшанро ки обод кардааст,ин ободихо аз хисоби мардум ва сохибкорон бо мачбури пул ситондан шудааст! Хамин ба мардуми худамон хайрон мешавед,на ба гармо ва на ба сармо каноат мекунанд,О магар хамин АДОЛАТИ СУДИ нест,ки як каллоби хакки мардумхурро,ки махсулоти хайрияеро,ки бояд ба камбизоатон таксим мешуд,ба бозор руирост пул кардааст,чахои САЗОВОР додаанд.Боки хуллоса барореду баьд коментарий нависед.
Чои харомхур хаму зиндон аст, то ба кай мардумро горат мекунанд, 12 сол барои у кам аст , бояд якумра зиндони мекарданд, чунки дар сари вазифа буданаш одама одам хисоб намекард , охири вазифа зиндон аст, дар вакти дар вазифа будан мардуми бечораро бояд дасгири кунанд!
Ин машк барои чангидан бо мардуми худ аст. Хар як шахрванд хак дорад, дар кишвари худаш озодона сайру гашт кунад. Дигар мардуми бесилох ба буккахои силохдор гул хоханд дод. Чи кунем, ки ин фиребхурдахои бемагз хам мардуми кишвари мо хастанд. Дигар монанди варвархо ба озору куштор рох надихед, монанди белорусхо рафтор кунед. Хамин ки Путин гум шуд, дигар диктаторчахо хам аз пасаш шармандавор гум мешаванд.... Дигар ба инкилобу переворот хочат нест.... Бо эътирозхои сулхомез бояд тарзи идораи кишвар дигар шавад....
Девор нам кашидааст!