Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико -- қаҳрамони хоккейи ҷаҳон


Тими мунтахаби занонаи хоккейи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қаҳрамони ҷаҳон гардид. Амрикоиҳо дар бозии ниҳоӣ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария бар тими мунтахаби Канада дар замони изофӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Тими мунтахаби Финляндия низ барои ҷои севум дастаи занонаи Русияро дар замони изофӣ бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Мусобиқаи қаҳрамонии хоккейи ҷаҳон байни тимҳои мардона аз 29-уми апрел то 15-уми май дар Словакия баргузор мешавад.

16 дастаи мунтахаб ба 4 гурӯҳ тақсим шудааст:

гурӯҳи “А” (Братислава) - Русия, Словакис, Олмон, Словения

гурӯҳи “В” (Кошитсе) - Канада, Швейтсария, Беларус, Фаронса

гурӯҳи “С” (Кошитсе) - Шветсия, ИМА, Норвегия, Австрия

гурӯҳи “D” (Братислава) - Финляндия, Чехия, Латвия, Дания

Дар нахустин даври мусобиқот рӯзи 29-уми апрел тимҳои мунтахаби Олмон – Русия, Швейтсария – Фаронса, Словакия – Словения, Беларус – Канада, 30-юми апрел Финляндия – Дания, ИМА – Австрия, Чехия – Латвия ва Норвегия – Шветсия бозӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG