Тифлис сафари вазири умури хориҷии Русия ба Абхозистону Осетияи Ҷанубиро "дасисабозӣ" ва санадҳои дар ҷараёни ин сафар имзошударо "ғайриқонунӣ" номид.
Дар изҳороти ахиран нашркардаи вазорати умури хориҷии Гурҷистон, сафари Сергей Лавров чун “боздид аз қаламрави ишғолии Гурҷистон” арзёбӣ шудааст.
Вазири умури хориҷии Русия рӯзҳои 25 ва 26 апрел аз Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ дидан карда буд.
Дар ҷараёни ин сафар Русия ва ду кишвари ҷудоихоҳи Қафқози шимолӣ, аз ҷумла, дар бораи ҷорӣ кардани рафтуомади бидуни раводиди шаҳрвандон, ба шумули низомиёни Русия, созиш ҳосил карданд.