Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттилоъоти хусусии мизоҷони "Sony"-ро дуздидаанд


Ширкати Sony Corporation эълом кард, ки дуздони интернетӣ иттилоъоти хусусии даҳҳо миллион корбари шабакаи Плейстейшн, аз ҷумла шумораи кортҳои бонкии онҳоро дуздидаанд. Ба гуфтаи ширкат, баъди рахна шудани сипари амниятиаш, иттилоъоти мизоҷонро “фарди бегонае” ба даст овардааст. Ширкати азими ҷопонии Sony мегӯяд, ному насаб, соли таввалуд ва нишонӣ ва дигар иттилоъоти муҳими мизоҷонаш дуздида шудаанд. Сипари амниятии шабакаи Сонӣ Плейстейшнро рӯзҳои 17 ва 19 апрел рахна кардаанд, ки ин шабакаи тафреҳӣ, бозиву мусиқӣ ва кино мефурӯшад ва 77 миллион мизоҷ доштааст.
XS
SM
MD
LG