Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: дар 4 рӯз 700 ҷангҷӯй ба қатл расид


Вазири корҳои дохилии Покистон Раҳмон Малик мегӯяд, ки дар давоми чор рӯзи гузашта дар манотиқи шимолу ғарбии ин кишвар наздик ба 700 ҷангҷӯй кушта шуданд. То ҳанӯз манбаъҳои мустақил дар ин бора чизе нагуфтаанд. Рӯзи якшанбе низомиёни покистонӣ иттилоъ дода буданд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар водии Сувот наздик ба 500 ҷангҷӯй ба қатл расидаанд.

Рӯзи якшанбе қуйуди гардиш мутаваққиф шуд ва мардуми мулкии водии Сувот тавонистанд, ки ба ҷойҳои нисбатан оромтар кӯч банданд. СММ изҳор намуд, ки сар аз дуюми май ба ин тараф, яъне аз замони оғози амалиёти низомӣ дар Сувот, Дир ва Бунери Покистон тахминан 360 ҳазор нафар ба тарки макони зисти доимиашон маҷбур гашта, дар урдугоҳҳову марказҳои паноҳандагон сабти ном шудаанд.
XS
SM
MD
LG