Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози донишҷӯёни гирёни Афғонистон


Садҳо нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои Афғонистон имрӯз дар шаҳри Кобул ба нишони эътироз аз ҳамлаи ҳавоии Амрико раҳпаймоӣ карданд, ки ба гуфтаи мақомот дар он ҳамлаи ҳафтаи гузашта беш аз 100 ғайринизомӣ кушта шуданд. Ин донишҷӯён шиорҳои зидди амрикоӣ сар медоданд ва баъзеашон мегиристанд. Эътирозгарон бо судури баёнияе ҳамчунин хостанд, то нерӯҳои масъули талафоти ғайринизомиён ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Ҳомиди Карзай - раиси ҷумҳури Афғонистон ҳам қурбон шудани мардуми мулкӣ дар ҳамларо маҳкум кардааст. Ҳукумати Амрико эътироф кард, ки ҳангоми ҳамла ба паноҳгоҳҳои Толибон дар баъзе аз рустоҳои Афғонистон теъдоде аз ғайринизомиён ҳам кушта шудаанд. Артиши Амрико пажӯҳиши ин қазияро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG