Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Гурҷистон омодаи музокирот бо мухолифин


Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, ки интизори музокирот бо намояндаҳои мухолифин ҳастанд, ки баъди шурӯи эътирозҳо як моҳи пеш барои нахустин бор сурат мегирад. Дар сӯҳбат бо телевизиони Рустави-2 Давид Бакрадзе, раиси парлумон гуфт, ки корҳо дар самти ташкили ин музокира шурӯъ шудааст ва изҳори боварӣ кардааст, ки чунин як мулоқоте рӯзи ҷумъа баргузор мешавад. Бакрадзе гуфт, ки ӯву намояндаҳои аксар аъзои парлумон барои ширкат дар ин гуфтушунид омода ҳастанд, вале дар заминаи ҳузури эҳтимолии президент Саакашвилӣ чизе гуфта нашуд, дар ҳоле, ки талаби аслии мухолифин маҳз ҳамин будааст. Мухолифин ва тарафдорони онҳо, ки президентро барои ҷанги соли гузаштаи Осетияи Ҷанубӣ ва аз ҳад зиёд худкома кардани ҳукумат муттаҳам мекунанд, аз 9 апрел инҷониб бо талаби истеъфои Саакашвилӣ дар хиёбонҳо ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG