Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти "Ҳамкориҳои шарқӣ"-и Аврупо шурӯъ шуд


Иттиҳодияи Аврупо барномаеро рӯи даст гирифтааст, ки эҷоди равобити наздиктар бо шаш ҷумҳурии шӯравии пешинро амсоли Украина, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова ва Беларус дар назар мегирад. Нишасти "Ҳамкориҳои шарқӣ" имрӯз дар Прага, пойтахти раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо шурӯъ ба кор кард. Мақомоти беш аз 30 кишвар ният доранд созишномаеро имзо кунанд, ки тавсеаи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодиро бо Иттиҳодияи Аврупо дар назар мегирад. Барномаи мазкур кӯмаки Аврупоро ба ин кишварҳо дар пешбурди тиҷорати озод, ироаи кӯмакҳои иқтисодӣ, машваратҳои амниятӣ, ташкили шароити сафари бидуни раводид ва ҳамгироии иқтисодӣ бо Иттиҳодияро фароҳам меорад. Дар ҷавоб ин давлатҳои аврупоӣ тааҳҳуд мекунанд, ки ба ислоҳоти демократӣ мепардозанд. Маскав ин ташаббусро ҳамчун талоше барои эҷоди муҳити таҳти нуфуз атрофи Русия танқид кардаст. Аммо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ин интиқодҳоро рад карда мегӯянд, ки ҳамаи давлатҳои аврупоӣ дар интихоби шарики ҳамкори худ озод ҳастанд.
XS
SM
MD
LG