Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон: "Бисёр афсӯс мехӯрем"


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, ҳукумати кишвараш аз талафи мардуми бегуноҳ дар Афғонистон, ки зоҳиран паёмади ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Амрико будааст, бисёр муттаасиф аст. Вай гуфт, ҳукумати Барак Обама ин қазияро таҳқиқи комил хоҳад кард. Ҳангоми ифтитоҳи мулоқоти раиси ҷумҳурони Афғонистону Покистон дар вазорати умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон имрӯз гуфт, талаф ёфтани афроди бегуноҳ “бисёр дарднок” аст. Ҳомиди Карзай – аз хонум Клинтон барои нишон додани нигарониву таасуф изҳори сипос карда ва гуфт, ки умедвор аст, ки қурбон шудани афроди мулкӣ дар ҷанг ба зидди тероризм комилан коҳиш дода хоҳад шуд. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гуфт, ки маъмуронаш даҳҳо ҷасади нафар ғайринизомиёни афғонро дар маҳалле дидааст, ки зоҳиран нерӯҳои амрикоӣ бомбборон кардаанд.
XS
SM
MD
LG