Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои низомии НАТО дар Гурҷистон


Зиреҳпӯшҳои артиши Гурҷистон пойгоҳи Мухрованиро тарк мекунанд. 5 май
Зиреҳпӯшҳои артиши Гурҷистон пойгоҳи Мухрованиро тарк мекунанд. 5 май

Паймони низомии НАТО имрӯз машқҳои низомиаш дар Гурҷистонро оғоз кард.

Машқҳои муштараки НАТО ҳамагӣ як рӯз баъд аз эълони Тифлис дар мавриди хунсо кардани як ошӯби кӯтоҳ дар яке аз пойгоҳҳои низомии воқеъ дар ҳамагӣ 19-километрии пойтахти Гурҷистон шурӯъ шуданд. Дар машқҳои муштараки НАТО дар Гурҷистон ҳудуди 1000 сарбоз аз тақрибан 13 кишвар шеваҳои расидагӣ ба ҳолоти бӯҳрониро тамрин хоҳанд кард.

Русия ин машқҳоро “намоиши зӯрӣ” дар марзҳои ҷанубии худ унвон карда, гуфт, тамринҳои муштараки НАТО вазъи бе ин ҳам дар пайи низоъи кӯтоҳи низомии моҳи августи соли гузашта мушкилшуда дар минтақаро печидатар мекунад.

Рӯзи сешанбе мақомоти Гурҷистон хабар доданд, ки як талоши ошӯб дар пойгоҳи баталёни танкии артиши ин кишвар дар минтақаи Мухрованӣ, воқеъ дар ҳамагӣ 19-километрии Тифлисро ошкор кардаанд.Тифлис Русияро ба даст доштан дар таҳияи ин ошӯб муттаҳам кард. Вале Маскав ин иддаоро билофосила радд кард ва “сафсата” номид.

Мақомоти Гурҷистон ба дунболи ҳалли муноқишаи низомии бархоста дар пойгоҳи Мухрованӣ изҳор доштанд, ки ҳадафи ошӯбгарон ғолибан халал ворид кардан маҳз ба машқҳои муштараки паймони НАТО буд, ки бояд ҳамагӣ чанд километр дуртар аз маҳалли ошӯб сурат бигиранд.
XS
SM
MD
LG