Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кор ва табаҳкории муҳоҷирон дар Русия


Пулиси шаҳри Маскав се шаҳрванди Узбакистонро боздошт кард, ки бо латукӯб ва ғоратгарии мусофирони хориҷӣ айбдор мешаванд.

Алексей Бахромеев, сухангӯи Идораи бозҷӯии пулиси Маскав, ба радиои Озодӣ гуфт, ин муҳоҷирони узбак рӯзона дар яке аз бахшҳои шимолии Маскав мӯзадӯзӣ ва шабона мусофирони хориҷиро ғорат мекардаанд. Онҳо дар билетфурӯшиҳои фурӯдгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ва метрои Маскав гашта, мусофирони хушлибосро ҳадаф мегирифтаанд ва дар кӯчаҳои тангу торик ғорат мекардаанд.

Ба гуфти сухангӯи Идораи бозҷӯии пулиси Маскав, яке аз ин муҳоҷирони ғоратгар пештар сарбози нерӯҳои вижаи ВКД Узбакистон будааст. Вай мусофиронро латукӯб мекардааст ва ду нафар дастёраш пулу моли онҳоро ба яғмо мебурдаанд. Пулис мегӯяд, дар паи ин латукӯбҳо яке аз мусофирон ки шаҳрванди хорватитабори Суис буда, ҷонашро аз даст додааст.

Расонаҳои ҳамагонӣ ва шаҳрвандони Маскав бар ин боваранд, ки муҳоҷирон аз бекорӣ бар асари бӯҳрон даст ба табаҳкорӣ ва ҷиноят мезананд. Аммо Сулаймон Шоҳзода, ҳуқуқдони маркази иттилоотӣ-ҳуқуқии “Муҳоҷират ва қонун” вобаста ба Бунёди “Тоҷикистон”, ин афкорро бепоя мешуморад ва мегӯяд, ки табаҳкории муҳоҷирон бо бӯҳрон рабте надорад. Вай ёдовар шуд, ки бархе аз муҳоҷирони тоҷик ҳамшаҳриҳои худро ғорат мекунанд ва гуфт, ки маркази “Муҳоҷират ва қонун” ин гуна мавридҳоро баррасӣ карда ва натиҷаи бозҷӯиҳояшро ба намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Русия таҳвил медиҳад.

Сулаймон Шоҳзода ҳамзамон афзоиши бегонаситезӣ ва фашизм дар Русияро нигаронкунанда хонд ва яке аз омилҳои ин падидаро ташдиди бӯҳрон дар ин кишвар донист. Вай бар ин бовар аст, ки бӯҳрони иқтисодӣ авзои иҷтимоии Русияро мутташаниҷ хоҳад кард.

Бино бар охирин гузоришҳо, дар чаҳор моҳи гузашта 23 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кушта шудааст. Соли 2008 низ 87 муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар ҷони худро аз даст додааст.

Бино бар иттилои ВКД Русия шаҳрвадони Тоҷикистон дар ин кишвар дар соли 2008 камобеш 7 ҳазор бор табаҳкорӣ кардаанд ва беш аз 2 ҳазор бор низ худ ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Коршиносон бештари қонуншиканиҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русияро марбут ба надоштани парвонаи иқомат ва кор дар ин кишвар медонанд.
XS
SM
MD
LG