Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД ду гурӯҳи исломиро ифротӣ эълон мекунад


Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, паймони низомии таҳти нуфузи Русия, розӣ шудааст, ки гурӯҳҳои мазҳабии "Нурчилар" ва Салафияро ба феҳристи гурӯҳҳои ифротӣ дохил кунад. Ин тасмим бо дархости Узбакистон ва Қазоқистон гирифта шудааст.

Виталий Струговетс, сухангӯи СПАД, ба радиои Озодӣ гуфт, феҳрасти гурӯҳҳои террористие, ки ин паймони низомӣ таҳия кардааст, 26 гурӯҳ, аз ҷумла шабакаи Ал-Қоида ва Ҳаракати исломии Узбакистонро дар бар мегирад.

Бо вуҷуди набуди кадом далели рӯшани даст доштани пайравони Салафия ва "Нурчилар" дар аъмоли тундравона, ба феҳрасти сиёҳи Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ изофа шудани исми ҷараёни Салафия ва "Нурчилар" ин ду гурӯҳро дар Узбакистону Қазоқистон таҳти таҳдиди таъқиб қарор медиҳад. Созмониҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, аз соли гузашта ба ин сӯ танҳо дар Узбакистон дастикам 30 пайрави рӯҳонии турк Саид Нурсӣ равонаи зиндон шуда, дар Қазоқистон низ дар ин авохир садҳо пайрави ҷараёнҳои ғайрисуннатии исломӣ ба масъулият кашонида шудаанд.
XS
SM
MD
LG