Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни гурҷӣ даст ба ошӯб заданд


Низомиёни як бригадаи вазорати дифоъи Гурҷистон даст ба ошӯб заданд. Дар ин бора вазири дифоъ Давид Сихарулидзе дар сӯҳбати мустақим аз тариқи телевизиони кишвар хабар дод. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ин қисми низомӣ, ки дар мавзеъи Мухровании канори Тифлис воқеъ аст, аз сӯи артиш ва хадамоти амниятӣ иҳота шудааст. Аз низомиёни ошӯбгар тақозо шудааст, ки силоҳ ба замин гузоранд. Чанд тан аз афсарони бригада боздошт шудаанд. Вазорати умури дохилаи Гурҷистон имрӯз навореро пахш кард, ки дар он як афсар дар бораи нақшаи ҳамла ба Тифлис ба хотири аз байн бурдани раҳбарони кишвар сӯҳбат мекунад. Ҳамла ба пойтахт бояд имрӯз, 5 май сурат мегирифт. Ин афсар ҳамчунин гуфтааст, ки афсарону сарбозони ошӯбгар бояд бо низомиёни руси мустақар дар Осетияи ҷанубӣ мепайвастанд. Ошӯб то ҳол идома дорад. Фардо бояд дар Гурҷистон тамринҳои низомии НАТО дар чаҳорчӯби барномаи “Ҳампаймонӣ ба хотири сулҳ” шурӯъ шаванд.
XS
SM
MD
LG