Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи сентябр симпозиуми ЮНЕСКО дар Тоҷикистон


ЮНЕСКО-муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ омода аст моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон роҷеъ ба кӯли Сарез, истифодаи самрбахши об ва амнияти кунунии ин кӯл як симпозиум баргузор кунад. Коичиро Матсура-раҳбари ЮНЕСКО дирӯз ин нуктаро баъд аз мулоқоташ бо Ҳамроҳхон Зарифӣ- вазири умури хориҷаи Тоҷикистон изҳор дошт. Ба гуфтаи Коичиро Матсура аз соли 2004 ба ин сӯ дар Тоҷикистон 17 тарҳи ин муассиса дар бахшҳои маориф ва илму фарҳанг иҷро мешавад. Боздиди оқои Матсура аз Тоҷикистон идома дорад. Вай имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG