Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро инсон қасд ба ҷонаш мекунад?


Танҳо дар се моҳи аввали соли равон дар вилояти Хатлон 28 нафар даст ба худкушӣ задаанд.

Шумори бештари афродеро, ки худкушӣ кардаанд, занон ташкил медиҳанд. Масалан, ба иттилои мақомот, 4 нафар зан фақат дар пайи муноқишаҳои хонаводаӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ ба ҷони худ суиқасд кардаанд.

Ҳамчунин мақомоти корҳои дохилии Хатлон аз афзоиши мавориди худкушии ноболиғон хабар медиҳад ва дар шарҳи сабаб мегӯяд, ки аксаран наврасон бинобар тарбияи нодуруст гирифтан дар оила ва заъф дар рӯҳу равонашон худкушӣ мекунанд. Ҳамин гуна, имсол 5 сокини ноболиғи ҷануби Тоҷикистон аз роҳи худкушӣ реҳлат кардаанд.

Мақомот мегӯянд, ғолибан волидон фарзандони худро ба истилоҳ «эрка» тарбия намуда, онҳоро барои сабру таҳаммули мушкилот ва норасоиҳои рӯзгор ташвиқ ва омода намекунанд, зимнан наврасон гоҳо танҳо барои иҷро нашудани кучактарин хоҳишашон қасди худкушӣ мекунад.

Ҷомеашинос Ҳангомаи Исмат дар ин робита мегӯяд: «Масалан, аз ҳодисае хабар дорам, ки дар деҳае шӯъбадабозон намоиши ҳунарӣ доир мекунанд. Кӯдак барои ин ки падараш ба вай имкон надорад 1 сомонӣ диҳад то вай бо ҷӯраҳояш ба тамошои ин намоиш биравад, қаҳр карда, худро ба дор меовезад. Яъне имрӯз моро зарур аст бо психологияи насли наврас кор кунем, то онҳо ин қадар заъфпазир нашаванд».

Бо ин ҳол, тибқи иттилои мақомот дар миёни 28 нафаре, ки имсол худкушӣ кардаанд, 14 нафарашон бемори рӯҳӣ будаанд.
Додситонии Хатлон мегӯяд, аммо ба иддаоҳо дар мавриди бемори рӯҳӣ будани бахши аъзами афроди худкушикарда эътимод надорад. Гузашта аз ин, ба эътиқоди додситонӣ, дар робита ба ҳодисаҳои худкушӣ шумори ночизи парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст, ҳарчанд мебоист бештар бошад. Зеро, ба иддаои додситонӣ, дар аксари маворид одамонро барои худкушӣ атрофиён ва пайвандонашон таҳрик медиҳанд, водор мекунанд ва барои ин ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Масалан, аз 120 ҳодисаи ба худкушӣ даст задани шаҳвардон дар соли 2008-ум 40 ҳодиса бар асари ҷанҷолҳои оилавӣ ва хушунат сар задааст. Аммо танҳо оид ба 9 ҳодиса мақомоти додситонӣ парванда боз кардаанд. Яке аз сабабҳои ифтитоҳ нашудан ё дер боз шудани парвандаҳо нагузаронидани ташхиси тиббии саривақтӣ бо ҷасади худкушикардагон мебошад.

Раҳбарияти додситонии Хатлон мегӯяд, аксари ҷасадҳо кушода нашуда, табиист, сабаби марги онҳо муайян намешавад ва дар бештари маврид танҳо аз рӯйи нишондоди шахсоне, ки ҷабрдидаро ба худкушӣ расонидаанд, ҳодиса арзёбӣ мешавад.

Ҳодисаҳои худкушӣ бештар дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Бохтар, Шаҳритус, Панҷ, Ҷалолуддини Румӣ, Ёвон ва Данғара ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамин ахиран дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҳам зани 31-сола Фирӯза Тошматова худро оташ зада, тамоми аъзои баданаш ҷароҳат бардоштааст.
XS
SM
MD
LG