Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Худкушии аъзои як хонавода


Як зану шавҳари ҷавони суғдӣ - Гавҳар ва Алишери ҳарду 27-сола худ ва ду кӯдаки хурдсолашон - Фазилати 6-сола ва Амирхони 3-соларо ба дор овехтаанд.

Ҷасадҳои беҷони чаҳор нафар аъзои ин хонаводаро пайвандонашон дар нимарӯзи душанбе, 4–уми август, дар оғили ҳавлиашон дар ҷамоъати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайдо кардаанд. Раиси ҷамоати мазкур Нарзи Ғафурова фоҷеъаи ин хонаводаро чунин нақл кард:

«Вақте, ки модари Алишер ба хона меояд, келину наберагонашро дар хона пайдо намекунад ва гумон мекунад, ки онҳо ба бозор рафтаанд ва баъдан мехоҳад ба гову гӯсфандаш хошоку об диҳад. Ба оғилхона меравад ва мебинад, ки писараш Алишер худашро овехтааст. Алишерро аз дор мегиранд ва гумон мекунанд, ки вай зинда аст. Ба вай ёрӣ доданӣ мешаванд, ӯро ба замин мегузоранд ва мебинанд, ки дар як сӯ келину фарзандонашон низ беҷон хобидаанд».

Вале ба гуфтаи бархе аз наздикони ин оилаи шурбахт, Гавҳари 27-сола аввал ду кӯдакашро ва баъд аз он худро ба дор меовезад. Шавҳараш - Алишер чун ҷасадҳои зану ду фарзанди худро дар оғилхона мебинад, онҳоро аз дор гирифта, ба замин мегузорад ва худ даст ба худкушӣ мезанад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба таҳқиқи ин ҳодисаи худкушии мудҳиши аъзои як хонавода пардохта, вале то кунун сабаб ва ё ангезаҳои онро баён надоштаанд.

XS
SM
MD
LG