Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Апрел аз хунинтарин моҳҳо барои Ироқ будааст


Омори нашркардаи вазоратхонаҳои давлатии Ироқ ҳокист, ки моҳи апрел аз сентябри гузашта ба ин сӯ пурқурбонитарин моҳ дар Ироқ ҳам барои нирӯҳои Амрико ва ҳам барои худи мардуми он кишвар будааст. Дар моҳи апрел бар асари хушунатҳо дар Ироқ дасти кам 355 ироқӣ, бо шумули наздики 300 нафари ғайринизомӣ, кушта шудаанд. Дар ҳамин моҳ дар Ироқ дасти кам 18 сарбози амрикоӣ низ ба ҳалокат расидаанд. Яке аз хунинтарин ҳамлаҳои моҳи апрел бамбгузорӣ дар вилояти Диёла буд, ки беш аз 50 зоири эрониро кушта барҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG