Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати мухолифин ҷонибдории васеъ пайдо накард


Танҳо чанд нафар аз фаъолони мухолифини давлати Қазоқистон дар рӯзи 1-уми май гирдиҳамоии эътирозӣ карданд
Танҳо чанд нафар аз фаъолони мухолифини давлати Қазоқистон дар рӯзи 1-уми май гирдиҳамоии эътирозӣ карданд

Дар рӯзи 1-уми май дар Қазоқистон ҷашни ваҳдати халқҳои кишвар таҷлил карда шуд.

Ба ин муносибат Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури ин кишвар, мардумро шодбош гуфта, ҳама дастовардҳои Қазоқистонро марбут ба дӯстии бузург ва халалнопазири ҳамаи қазоқистониён сарфи назар аз мансубияти миллӣ ва мазҳабии онҳо донист. Дар ин рӯз бисёр мардум дар деҳу шаҳрҳои кишвар ба майдонҳо баромада, базму шодмониҳо карданд.

Вале намояндагони мухолифин, аз ҷумла Акаҷон Кажегелдин, сарвари мухолифон дар хориҷи кишвар, аз мардуми Қазоқистон даъват кард, ки чун амали эътирозӣ ба сатҳи поини зиндагӣ, нақзи ҳуқуқи инсон ва амалҳои зиддидемокративу хилофи озодиҳои инсон дар кишвар мардум ба майдонҳо бароянд. Вале ин даъват аз ҷониби аҳли ҷомеа ҷонибдории васеъ пайдо накард ва ба майдони нави Истиқлол дар шаҳри Алмаато фақат чанд тан аз фаъолони мухолифин ва нафақахӯрон баромаданд.

Ҳарчанд баъзе аз намояндагони мухолифон гуфтанд, ки дар дигар манотиқи шаҳр низ бархе аз сарварони аҳзоби мухолифин бояд даст ба амали эътирозӣ зада бошанд, вале Ирина Савостина, раиси ҷунбиши мардумии «Поколение», бар ин аст, ки ҳарчанд дар Қазоқистон сатҳи зиндагии мардум боло нест ва нафақахӯрон ҳамагӣ каме бештар аз 9000 танга нафақа доранду он ҳатто ба доруворашон намерасад, вале ӯ бовар дошт, ки мардуми зиёд ҷамъ нахоҳад шуд. Хонум Савостина мегӯяд, «ман медонистам, ки мардуми зиёд ҷамъ намеоянд. Чунин аст менталитети Қазоқистони мо. Ин ҷо на Укроин асту на Гурҷистон. Мо чунин мардум дорем».

Журналист Уразембет Алимбет низ гуфтаҳои сарвари ҷунбиши мардумии «Поколение»-ро ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ иброз медорад, ки даъвати Акаҷон Кажегелдинро вай комилан дуруст меҳисобад ва пуштибонӣ мекунад. Вале вай чунин ҳадс мезанад, ки шояд аз сабаби паст будани сатҳи маърифати сиёсии мардум ва эҳсоси тарсе, ки аз даврони худкомаи шӯравӣ боқӣ мондааст, одамон ба амали эътирозӣ набаромаданд.

Ба андешаи вай, барои онҳо ҷиҳати доир кардани чунин амалҳои эътирозӣ ва ҷонибдории чунин даъватҳо каме вақт зарур аст. Рӯзноманигор ҳамчунин ба таври густурда доир нашудани амали эътирозӣ алайҳи ҳукуматро ба пароканда будани неруҳои мухолифон ва ҳар яке аз паи ғуруру обрӯи хеш будану дар роҳи ҳадафҳои умумӣ бо ҳам омада натавонистани онҳо марбут донист.

Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон 6 ҳизби мухолифин ва даҳҳо ҷунбишу созмонҳои ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд ва дар кишвар анқариб 10 нашрияи озоду мустақил интишор мешаванд.

Ба таъкиди оқои Алимбет, агар ҳама нерӯҳои мухолифин бо ҳам мебуданду онҳо лидери ягона медоштанд ва, ба истилоҳ, аз як гиребон сар мебароварданд, чунин амалҳои эътирозӣ ва дигар тадобири мухолифин густурда сурат мегирифтанд ва ҳам ба ҳукумату ҳам ба мардум таъсире мерасониданд.
XS
SM
MD
LG