Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ихроҷи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия


Дар се моҳи аввали соли 2009 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се баробар бештар муҳоҷир аз Маскав бадар карда шудааст.

Ин иттилоъро Фёдор Карповец, раиси идораи маскавии Созмони федеролии муҳоҷирати Русия, рӯзи чоршанбе дар як нишасти хабарӣ дар Маскав эълон кард.

Вай афзуд, дар се моҳи аввали имсол камобеш 19 ҳазор муҳоҷир боздошт шудааст, ки дар Маскав ғайриқонунӣ зиндагӣ доштанд. Бархе аз онҳо барои қонуншиканиашон аз пойтахти Русия ихроҷ карда шудаанд. Карповцев таъкид кард, ки муҳоҷирони ихроҷшуда дар 5 соли оянда ҳаққи бозгашт ба Русияро нахоҳанд дошт.

Коршиносон мегӯянд, ки ихроҷи муҳоҷирон дар авзои бозори кори Маскав асаре намегузорад, зеро бештари онҳо дар ҷойҳое машғули коранд, ки маскавиҳо аз он парҳез мекунанд. Елена Тюрюканова, мудири Маркази пажӯҳиши муҳоҷират, мегӯяд, хадамоти муҳоҷиратии Русия маъмулан муҳоҷиронеро ихроҷ мекунанд, ки пасттарин мавқеиятро дар бозори кори Русия доранд.

Бино бар гуфтаи шаҳрдори Маскав Юрий Лужков, ҳамакнун дар пойтахти Русия камобеш 1 миллион муҳоҷири хориҷӣ кор мекунад. Аз ин шумор теъдоди дақиқи муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Маскав маълум нест. Аммо Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия, мегӯяд, тоҷикон бар асоси теъдодашон дар миёни муҳоҷирон дар Маскав дар ҷои севвум ва дар вилояти Маскав дар ҷои дувум мебошанд. Вай ҳамчунин афзуд, ки дар Русия ҳар муҳоҷиреро, ки аз Осиёи Миёна омада бошад, “тоҷик” меноманд.

Шумораи шаҳрвандони ихроҷшудаи Тоҷикистонро на дар Идораи маскавии Созмони федеролии муҳоҷирати Русия ва на дар намояндагии Хадамоти муҳоҷиратии ВКД Тоҷикистон дар Русия дақиқ намедонанд. Аммо як манбаи огоҳ, ки нахост номаш бурда шавад, ба радиои Озодӣ гуфт, дар се моҳи аввали соли равон 190 шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав боздошт ва аз Русия бадар карда шудааст. Иттилооти ғайрирасмӣ ҳокист, ки дар 4 соли ахир беш аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудааст. Шумораи муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русияро 600 ҳазор то 1,2 миллион нафар мегӯянд.
XS
SM
MD
LG