Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз созиши Русия ва ҷудоиталабон


ИМА дар заминаи имзо шудани созишномаи миёни Русия ва ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ нигаронии ҷиддӣ баён кард ва гуфт, ки мисли ин созиш зидди қарордоди оташбасе, ки баъди хатми ҷанги соли гузаштаи Русияву Гурҷистон ҳосил шудааст, равона шудааст. НАТО ҳам гуфт, ки ин созиш бо санадҳои оташбас муғоират дорад. Тибқи созишномае, ки рӯзи панҷшанбе миёни раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ва раҳбарони ду ҷумҳурии ҷудоиталаб имзо шуд, Русия расман масъулияти муҳофизати марзҳои Абхозистону Осетияи Ҷанубиро ба ӯҳда мегирад, дар ҳоле, ки ин сарҳадҳо расман марзҳои Гурҷистон маҳсуб мешаванд. Роберт Вуд, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ки қарордоди мазкур бо ӯҳдадориҳои Русия, ки дар таърихи 12 август бо миёнҷигии раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ қабул шуда буд, мухолифат дорад ва тамомияти арзии кишвари муттафиқи ИМА Гурҷистонро ба ҳам мезанад.
XS
SM
MD
LG