Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми хук ҷаҳонитар мешавад


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омодагӣ ба ҷилавгирӣ аз бемории зукоми хукро аз дараҷаи 4 ба дараҷаи 5 боло бурд. Ин як дараҷа поинтар аз дараҷаи омодагии комили сартосарӣ барои ҷилавгирӣ аз як бемории вогир ба шумор меравад. Дараҷаи 5 ба ин маъност, ки зукоми хук дастикам дар ду кишвари як минтақа аз як одам ба одами дигар сироят кардааст. Маргарет Чан-мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт зимни сухнони худ дар нишасти хабарие дар Швецария гуфт, ҳамаи навъи башар дар рӯ ба рӯи хатари ин бемории вогир қарор дорад. Хонум Чан ба ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон машварат дод, ки барномаҳои ҳимоят аз бемории вогири худро фаъол созанд ва ба ҳолати омодагии комил дароянд.
XS
SM
MD
LG