Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 нафар дар тирпароние дар Боку


Ҳодиса донишҷӯёнро ба ваҳшат овард. Боку, 30 апрели соли 2009.
Ҳодиса донишҷӯёнро ба ваҳшат овард. Боку, 30 апрели соли 2009.

Субҳи рӯзи панҷшанбе дар Акдаемияи давлатии нафти Озарбойҷон дар Боку дар натиҷаи тирандозӣ 13 нафар ҷони худро аз даст доданд.

10 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Қурбониёни ин тирандозӣ асосан донишҷӯён ва устодони донишгоҳ будаанд. Мақомоти расмии интизомии Озарбойҷон мегӯянд, марди мусаллаҳ -- Фардо Гадиров, озаритабор аз Гурҷистон, дар ҷои ҳодиса кушта шудааст. Донишҷӯи ин муассиса будан ё набудни ӯ маълум нест.

Тирандозӣ дар донишгоҳи Боку
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00


Хабарнигори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар Боку, Маориф Акберлӣ гузориш дод, ки "бино ба гуфтаи додситонӣ, 13 нафар кушта, 10 нафар захмӣ шудаанд. Бино ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин ҳамларо касе анҷом додааст, ки аз ин донишгоҳ набудааст, вале озаритабор ва сокини минтақаи Марнеулии Гурҷистон будааст. Яке аз донишҷӯён ба ман гуфт, ки ҳамлакунанда вориди донишгоҳ шудааст ва бо чанд донишҷӯ аввал ба баҳс пардохтааст ва сипас аз тапонча ба паррондан шурӯъ кардааст. Муовини раиси пулиси Боку ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳамлакунанда дар маҳалли ҳодиса ба қатл расонда шудааст ва баъд аз чанд соат дар бораи ин ҳамла изҳороти расмӣ ба нашр мерасад".

Кушта ва захмишудагон асосан донишҷӯёну омӯзгорони Академияи давлатии нафти Озарбойҷон будаанд. Ба камияш ду донишҷӯи хориҷӣ дар байни кушташудагонанд ва мақомот мегӯянд, се нафар аз захмиён шаҳрвандони Судонанд.

Иттилои ин ки ҳамлакунанда худкушӣ кардааст ё аз тарафи полис кушта шудааст, тазодомез мебошад. Телевизиони давлатии Озарбойҷон гуфт, Гадиров туфангчаи автоматии Макаров доштааст. Вазири умури дохилӣ Рамил Усубов ва додситони кулли Озарбойҷон Зокир Гаралов дар маҳалли ҳодиса умури бозрасиро ҳамоҳанг кардаанд.

Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба пайвандони қурбониёни ҳодиса ҳамдардӣ баён кард ва ваъда дод, ки давлат ба онҳо ҳама гуна кӯмакро хоҳад кард.


Қатли донишҷӯён дар Боку
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00


XS
SM
MD
LG