Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви байнулмилал аз Обама ситоиш кард


Созмони мудофеи ҳуқуқи баён Афви байнулмилал ё Амнести Интернешинал гуфт, ки раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама дар 100 рӯзи аввали кориаш дар ин вазифа дар бахши ҳуқуқи башари Амрико ба пешрафтҳои қавие даст ёфт, аммо бо ин вуҷуд аз ӯ хост, ки ба ваъдаҳои кардааш вафо кунад. Дар гузориши Афви байнулмилал, ки имрӯз ба муносибати 100 рӯзи аввали кори Барак Обама нашр шуд, ин созмон президенти Амрикоро барои бастани боздоштгоҳи Гуантанамо ситоиш кардааст. Дар айни замон, мегӯяд ин созмони мустақар дар Лондон, ҳанӯз ҳам сарнавишти 240 боздоштшудаи дигар норӯшан боқӣ мемонад. Ин афрод бидуни муҳокима ва ё айбмонии расмӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ҳамонтавре ки садҳо нафари дигар дар боздоштгоҳҳои Амрико дар Афғонистон ба сар мебаранд. Баъди шурӯи салоҳиятҳояш дар таърихи 20 январи имсол Обама дар давоми як сол басташавии Гуантанамо ва хатми истифода аз шиканҷаро ҳангоми бозпурсии муттаҳамони терроризм, ки замони Буш ҷорӣ шуда буд, тақозо кард.
XS
SM
MD
LG