Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирояти зукоми хук ба чанд кишвар


Ҷавонзани олмонӣ бо ниқоби ҳифозатӣ дар фурудгоҳи Франкфурт, 28 апрели соли 2009.
Ҷавонзани олмонӣ бо ниқоби ҳифозатӣ дар фурудгоҳи Франкфурт, 28 апрели соли 2009.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт омодагӣ барои пешгирӣ аз бемории зукоми хукро аз "дараҷаи 3" ба "дараҷаи 4" боло бурд.

Бо чунин иқдом СММ нишон медиҳад, ки хатари билқувваи вирус ё ангезандаи ин беморӣ собит шудааст ва метавонад дар саросари ҷаҳон ба осонӣ ба якдигар сироят кунад. Дараҷаҳои омодагии 5 ва 6 низ вуҷуд дорад ва гузаштан ба ин дараҷаҳои омодагӣ нишонаи он аст, ки беморӣ ба таври қобили мулоҳиза дар миёни аҳолии ҷаҳон густариш ёфтааст ва вазъияти изтирории беҳдоштӣ ба вуҷуд омадааст.

Кейҷӣ Фукуда, иҷрокунандаи ёвари мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, "дараҷаи 4" ба маънии он нест, ки густариши беморӣ дар саросари ҷаҳон ногузир аст. Грегори Ҳартл, сухангӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Женева, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гузаштан ба "дараҷаи 4"-и омодагиро нуқтаи чархиши бархӯрд ба ин беморӣ арзёбӣ кард. Вай мегӯяд, чунин иқдом нишонгари он аст, ки ангезандаи мазкур ҳоло танҳо дар як кишвар вуҷуд надорад ва то ба кишварҳои дигар низ расидааст.

Гузоришҳо ҳокист, ки шумораи гирифторон бо суръат афзоиш меёбад. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ҳоло таъйид шудааст, ки дар саросари ҷаҳон ба шумули Мексика, Амрико, Канада, Британия ва Испания 75 мавриди беморӣ сабти ном шудааст. Ин ниҳоди вобаста ба СММ мегӯяд, то ҳол 7 мавриди даргузашти одамон аз ин беморӣ дар Мексика мушоҳида шудааст.

Аммо ҳукумати Мексика мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд аз ин беморӣ 152 нафар дар ин кишвар ба ҳалокат расидаанд ва бештар аз 1600 нафар олудаи вируси зуккоми хук шудаанд. Ҳукуматҳои Шотландия, Исроил, Зеландияи Нав, Чин ва Кореяи Шимолӣ низ дар бораи мавҷудияти ин вирус дар кишварҳояшон хабар додаанд. Фаронса ва Австралия низ эҳтимоли мавҷудияти ин вирус дар қаламрави худро истисно намедонанд.
XS
SM
MD
LG