Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳолати изтирорӣ дар ИМА


Бо далели тасдиқ шудани 20 мавриди гирифторӣ ба зукоми хук дар ИМА дар ин кишвар ҳолати изтирории беҳдоштӣ эълон шудааст.

Ва инчунин тасмим шудааст, ки ҳар як саёҳе, ки аз кишварҳои ин маризӣ ошкоршуда ба хоки Амрико ворид мешавад, мавриди ташхиси тиббӣ қарор мегирад.

Вазири амнияти дохилаи кишвар Ҷанет Наполитано гуфт, ин иқдом ба ниҳодҳои ҳукуматӣ имкон медиҳад, ки дасти сохторҳои давлатии дохилии ин кишварро озод карда, барои пешгирӣ аз паҳншавии маризӣ аз тамоми манобеи худ истифода кунанд.

Ин дар ҳолест, ки зукоми хук дар саросарӣ дунё бо суръат паҳн мешавад. Дар Зеландияи Нав 25 донишҷӯ ва мударрисонашон, ки ба тозагӣ аз сафари Мексика баргаштаанд, мавриди ташхис қарор дода шуданд. Тибқи гузоришҳо, дар Канада чаҳор мавриди мубталошавӣ ба ин маризӣ ошкор шудааст. Дар Аврупо, мақомоти ҳифзи сиҳатии Фаронса гуфтанд, ки миёни саёҳоне, ки аз Мексика баргаштанд, имкон аст ду нафар гирифтори зукоми хук шуда бошад. Шаш маризи эҳтимолӣ дар Испания кашф шудааст.

Мақомоти Мексика мегӯянд, тибқи охирин хабарҳо, шумори ашхосе, ки аз зукоми хук даргузаштаанд, ба 86 нафар расидааст ва бино ба маълумоти ниҳодҳои беҳдоштии кишвар, аз 13 апрел то имрӯз як ҳазору сесад нафар бо ин вируси марговар ба қайд гирифта шудаанд.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки доктор Кейҷи Фукуда, мутахассиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт - сохтори вобаста ба СММ, гуфт, ҷомеаи байнулмилалӣ ба муқобила алайҳи хатари паҳншавии вируси нави зукоми хук хеле хуб омода шудааст. Вай афзуд ки чораҳои пешгирикунандаи саросарӣ ба зукоми хук ин вазифаро осонтар хоҳанд кард.

Дар Амрико ҳашт мавриди маризӣ миёни донишҷӯёни Ню-Йорк, ҳафт нафар дар Калифорния, ду нафар дар Тексас, ду нафар дар Канзас ва як мавриди маризӣ дар Оҳайё ошкор шудааст. Бо вуҷуди ин Кохи Сафед гуфтааст, ки мардуми кишвар набояд ба тарсу изтироб дода шавад.

Пизишкон хабар медиҳанд, ки дар айни замон давои зидди маризиии зукоми хук кашф нашудааст, аммо дар мавридҳои хатарнок мешавад доруҳои зидди вирусиро истифода кард. Бо вуҷуди ин як мутахассиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳушдор дод, ки чунин хатаре низ вуҷуд дорад, ки вируси зукоми хук тағйир ёфта, боз ҳам марговартар шавад, аммо ҳоло барои бонги изтироби саросарӣ тахқиқоти лозима анҷом нашудааст.

Баъзе кишварҳо ба паҳншавии маризии хатарноки нав аллакай вокуниши ҷидди нишон медиҳанд. Ҳамин тавр Русия воридоти гушт аз Мексика ва Амрикоро манъ кард.

Мутахассисони риштаи тиб мегӯянд, ки зукоми паҳншавандаи хук навъи нодири вирусест, ки тавассути роҳҳои нафас инсонро сироят карда, аз инсон ба инсон мегузарад. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ки ин як навъи нави вируси H1N1 аст, ки то имрӯз дар илми тиб давои мушаххаси зидди ин беморӣ таҳия нашудааст. Барои ҳифзи эҳтимолӣ аз сироятёбӣ ба ин вирус табибони кишварҳои сироятдида машварат медиҳанд, ки ҳангоми гашту гузор дар хиёбонҳо ва ба вижа дар маконҳои ҷамъиятӣ ба рӯ ниқоби тиббӣ кардан зарур аст. Ва дар сурати сар задани маризӣ бо машварати духтур давоҳои зиддизуком ё гриппро истеъмол бояд кард.
XS
SM
MD
LG