Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз сӯҳбатҳои Лавров дар бораи ИА


Ҷумҳурии Чех, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, сӯҳбатҳои вазири хориҷаи Русия Сергей Лавровро, ки ин созмони қораиро ба таъқиби доираи нуфуз дар паҳнои шӯравии собиқ айбдор мекунад, “бемаънӣ” номид. Лавров ахиран гуфт, ки ИА талош дорад тавассути ҷалби Арманистону Озарбойҷон, Гурҷистону Беларус ва Украинаву Молдова ба барномаи “Мушорикати шарқӣ” барои худ “доираи нуфуз” дуруст кунад. Вазири хориҷаи Чехия Карел Швайтсенберг гуфт, Лавров худ хуб медонад, ки ин гуфта “бемаънист.” Карл Билдт, вазири хориҷаи Шветсия, ки кишвараш дар моҳи июл раёсати ИА-ро бар ӯҳда мегирад, гуфт, ин Русия аст, ки ҳамеша бо таъбирҳои империалистӣ фикр мекунад.
XS
SM
MD
LG