Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши квотаи Русия барои донишҷӯёни тоҷик


Вазорати маорифи Русия квотааш барои донишҷӯёни тоҷикро имсол 2 маротиба афзоиш дод ва дар соли ҷорӣ 200 толибилми тоҷик шомили донишгоҳҳои он кишвар хоҳанд шуд. Азим Ёраҳмадов, консули Русия дар Хуҷанд гуфт, аз ин квота нисфаш барои вилояти Суғд таъйин шуда, бар иловаи 100 донишҷӯ аз шимоли Тоҷикистон 5 нафар таҳсилро дар аспирантураҳои Русия идома хоҳанд дод. Соли гузашта аз ин вилоят танҳо 36 нафар ба донишгоҳҳои Русия шомил шуданд.
XS
SM
MD
LG