Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сарвазири Ироқ аз амалиёти нерӯҳои Амрико


Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ рейди маргбори нирӯҳои амрикоиро ҳамчун "ҷинояте", ки аҳдномаи амниятӣ бо Вашингтонро поймол мекунад, маҳкум кард. Рейди рӯзи якшанбе дар шаҳри ҷанубии Кут бо ҳалокати як зан ва боздошти шаш нафар анҷомид. Ин нафарон бо иттимоти иртиботашон бо ҷангиёни шиамазҳаб боздошт, аммо баъдан озод шуданд. Низомиёни амрикоӣ иттиҳомоти мақомоти ироқиро рад карданд, ки гӯё онҳо аҳдномаи амниятиро поймол карда бошанд. Онҳо гуфтанд, ки мақомоти ироқӣ роҷеъ ба ин амалиёт аз пеш огоҳонида шуданд. Низомиёни амрикоӣ ба хонаводаи зани кушташуда изҳори тасаллият карданд.
XS
SM
MD
LG