Пайвандҳои дастрасӣ

Котиби давлатии ИМА, Ҳилларӣ Клинтон бидуни эълони пешакӣ аз Бейрут, пойтахти Лубнон, дидан ва бо сарони Лубнон мулоқот кард.

Ҳилларӣ Клинтон, ба иттилоъи намояндаи ҳукумати Лубнон, бо раисиҷумҳур Мишел Сулаймон ва дигар раҳбарони кишвар музокирот анҷом медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин гуфтушунидҳо дурнамоии сиёсии Лубнон дар арафаи интихоботи порлумонии моҳи июн баррасӣ мешавад. Коршиносон ҳадс мезананд, ки дар интихобот шояд гурӯҳи исломии “Ҳизбуллоҳ” пирӯз шавад ва ин боиси суқути ҳукумати ғарбгарои Лубнон хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки “Ҳизбуллоҳ” аз сӯи Теҳрон пуштибонӣ меёбад.

Дирӯз Ҳиллари Клинтон ҳамин гуна ғайриинтизор ба Бағдод сафар карда буд. Ӯ бо раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ, бо сарвазир Нурӣ Ал-Моликӣ ва бо фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ Реймонд Одиерно, аз ҷумла, вазъи амниятии кишвар ва мавзӯъи дурнамои Ироқ баъд аз хуруҷи нерӯҳои амрикоиро баррасӣ кард.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG