Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ногаҳонии Ҳилларӣ Клинтон ба Ироқ


Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико
Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико, субҳи имрӯз, 25-уми апрел, бо як сафари қаблан эълоннашуда вориди Ироқ шуд.

Интизор меравад, ки ӯ бо сарфармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқ Реймонд Одиерно дидор ва гуфтугӯ анҷом бидиҳад.

Боздиди ногаҳонии Ҳилларӣ Клинтон аз Бағдод дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран хушунати нерӯҳои мухталифи маҳаллӣ дар Ироқ авҷ мегирад. Як рӯз қабл ду бомбгузори маргталаб худро дар назди дарвозаи як масҷиди мӯътабари шииёни Бағдод тарконданд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 55 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 100 тани дигар захм бардошт. Ҳамлаи мазкур як рӯз баъди ду таркиши интиҳории даҳшатноке дар Бағдод ва вилояти Диёла рӯй дод, ки 90 нафарро кушта бар ҷой гузошт.

Ҳодисаҳои ахир бо афзоиши нигарониҳо аз болоравии мавҷи хушунатҳо баъди шуруи тарки хоки Ироқ кардани нерӯҳои амрикоӣ дар моҳи июни имсол, ки бояд то охири соли 2011 идома кунад, мувофиқ меояд. Ҳоло шакку нобоварии зиёде дар заминаи тавонмандиҳои полис ва артиши Ироқ барои таъмини амният дар ин кишвар ба гӯш мерасад.
XS
SM
MD
LG