Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон ақибнишинӣ мекунанд


Толибон дар Покистон ба ҷангиён амр доданд, ки вулусволиеро дар шимолу ғарби ин кишвар тарк карда дубора ба водии Свот баргарданд. Муслимхон, як сухангӯи Толибон гуфт, ки фармондеҳ Файзуллоҳ ба ҷангиёнаш амр додааст, ки Бунерро тарк кунанд. Ҳукумати Покистон моҳи феврал гуфт, ки бо ҷоришавии қонуни шариат дар ин водӣ ва манотиқи атрофи он розӣ аст. Баъди ҷангҳои дусолаи Толибон дар ин минтақа мақомоти Покистон бо Толибон як созиши оташбасе бастанд, аммо Толибон ахиран ин созишро ҳамчун баҳонае барои боз ҳам тавсеа додани домани нуфузи худ дар вулусволии Бунер, воқеъ дар 100-километрии Исломобод истифода карданд. Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон рӯзи ҷумъа ҳушдор дод, ки нақзи оташбас ҳукуматро ба бознигарӣ кардани созиш маҷбур хоҳад кард. Мақомоти Покистон дар вилояти шимолу ғарби ин кишвар таҳаввулоти ахири марбут ба Толибонро дар як нишасти изтирорӣ мавриди баҳс қарор доданд. ИМА гуфтааст, ки аз вазъи амниятии Покистон амиқан нигарон аст. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, ки таҳаввулоти рӯйдодҳои Покистону Афғонистон "дар меҳвари сиёсати хориҷии" маъмурияти Обама қарор дорад.
XS
SM
MD
LG