Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шуруи мулоқоти Николай Бордюжа бо Эмомалӣ Раҳмон


Субҳи имрӯз, 24-уми апрел, мулоқоти дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуд.

Тибқи барномаи сафари Николай Бордюжа, ӯ бо раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон масоили марбут ба таъсиси нерӯҳои муштараки зудамали ин паймон ва ҳамчунин вазъи сиёсӣ дар Афғонистонро баррасӣ мекунад.

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дирӯз барои анҷоми як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст, вай ҳамчунин бо раҳбарони вазоратхонаҳои интизомиву қудратии Тоҷикистон мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG