Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Ҳилларӣ Клинтон ба Исроил


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, ба ҳукумати нави Исроил ҳушдор дод, ки агар дар музокироти сулҳ бо Фаластиниён пешрафт накунад, дар робита ба масъалаи Эрон ҳимояти кишварҳои арабиро аз даст медиҳад. Хонум Клинтон рӯзи панҷшанбе ба вакилони мардумии Маҷлиси Намояндагони Амрико гуфт, кишварҳои арабӣ ба ӯ гуфтаанд, ки агар Исроил хоҳони кӯмаки кишварҳои арабӣ дар амри муқобила бо Эрон аст, пас бояд дар аҳдаш ба раванди сулҳ бо Фаластиниён содиқ бошад. Аз замони ба сари қудрат омадани Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроил ва ҳукумати эътилофии ростгарояш дар моҳи гузашта, вай аз эътирофи ҳаққи фаластиниён барои таъсиси кишвари мустақил парҳез кардааст. Амрико тарафдори таъсиси кишвари мустақил барои Фаластиниён аст. Исроил мегӯяд, Эрони мусаллаҳ бо бомби атомӣ бузургтарин таҳдиди амниятӣ барои он кишвар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG