Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Исломобод ба вуруди Толибон ба Бунер


Покистон нирӯҳои шибҳанизомиашро ба ноҳияи Бунер, ки Толибон таҳти назорати худ даровардаанд, эъзом кард. Бо ин ҳол, густариши қаламрави зери назорати ҷангиён дар шимолу ғарби Покистон мояи нигарониҳои байналмилалӣ шудааст. Нирӯҳои давлатӣ рӯзи чоршанбе, чанд рӯз баъд аз вуруди ҷангиёни водии Свот ба ин минтақа, вориди Бунер шуданд. Толибон дар роҳҳои Бунер посгоҳҳо гузошта, хиёбонҳову бозорҳояшро дидбонӣ мекунанд. Толибон дар пайи тасвиби қарордоде, ки дар ивази сулҳ бо ҷангиён татбиқи қонунҳои шариъат дар водии Свот ва манотиқи атрофашро иҷозат медиҳад, вориди ноҳияи ба пойтахти Покистон, шаҳри Исломобод, наздиктари Бунер шудаанд. Кишварҳои Ғарб ва ҳамсоякишвари Афғонистон мегӯянд, ин муомила ҷангиёни толиб ва муттаҳидини онҳо аз шабакаи Ал-Қоидаро бештар рӯҳбаланд хоҳад кард.

Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон муомилаи давлати Покистон бо ҷангиёни Свотро ақибнишинии давлат дар муқобили Толибон номид ва гуфт, аз Покистон “таҳдиди марговаре” ба амнияти ҷаҳон бармеояд.

XS
SM
MD
LG