Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко дар интихоботи оянда ширкат мекунад


Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко гуфт, қасд дорад дар интихоботи ояндаи президентӣ ба хотири дарёфти давраи дуввуми раёсат вориди мубориза шавад. Ин дар ҳолест, ки феълан мизони маҳбубияти Юшенко дар байни мардум зери 10 дарсад шудааст. Рақиби ӯ Виктор Янукович низ қаблан хабар дод, ки номзадиашро дар интихоботи оянда хоҳад гузошт. Парлумони Украина 25 октябрро рӯзи интихобот таъйин кард, вале президент Юшенко ин санаро радд кардааст.
XS
SM
MD
LG