Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Молдова Аврупоро нороҳат кардааст


Раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, умедвор аст, равобити Ҷумҳурии Молдова ва ҳамсояи он Руминия ба ҳолати оддӣ бармегардад. Танишҳо байни ин ду кишвар ахиран авҷ гирифтааст. Мирек Тополанек – нахуствазири Ҷумҳурии Чех ва раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупо сари ин масъала бо раҳбарони Молдова аз ҷумла раиси ҷумҳур ва раиси Ҳизби Коммунисти Молдова Владимир Воронин сӯҳбат кард. Мирек Тополанек – бӯҳрони сиёсӣ дар Молдоваро “нороҳаткунанда” хонд ва гуфт, ин масъала дар нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар ҳафтаи оянда баррасӣ хоҳад шуд. Айни ҳол Додгоҳи Қонуни Асосии Молдова натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 5 апрелро таъйид кард. Се ҳизби мухолиф бо иддаъои таққалубкорӣ дар интихобот ба додгоҳ шикоят бурда буданд.
XS
SM
MD
LG