Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҳири Абдуҷаббор аз олам чашм пӯшид


Сиёсатмадор ва иқтисодшиноси шинохтаи тоҷик Тоҳири Абдуҷаббор имрӯз баъд аз маризии тӯлонӣ дар зодгоҳаш, ноҳияи Ашт дар синни 63 аз олам чашм пӯшид. Тоҳири Абдуҷаббор дар соли 1989 ҳаракати мардумии “Растохез”-ро таъсис дод, ки нахустин созмони сиёсии алтернатив ба Ҳизби ҳокими вақти коммунист дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Тоҳири Абдуҷаббор дар пайи нооромиҳои соли 1992 тарки Тоҷикистон кард ва ибтидо дар Эрон ва баъдан дар Қирғизистон ба сар бурд ва дар як донишгоҳи Бишкек аз иқтисод дарс мегуфт. Тоҳири Абдуҷаббор танҳо дар соли 2005 аз ғурбат ба ватан баргашт. Устод тайи чанд сол баъд аз бозгашташ ба Тоҷикистон барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ масоили иқтисодиро низ ташреҳ мекард. Ҷанозаи Тоҳири Абдуҷаббор дар зодгоҳаш, ноҳияи Ашт ба хок супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG