Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Обама ба ҳимояташ аз CIA


Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико ба ҳимояташ аз Хадамоти Истихборотии Амрико ва ё Си Ай Эй таъкид варзид. Чанд рӯз пеш аз ин вай аснодеро нашр кард, ки дар онҳо шеваҳои дурушти бозпурсии муттаҳамон ба тероризм аз тарафи кормандони Си Ай Эй тасвир шудааст. Барак Обама зимни боздид аз қароргоҳи ин ниҳод дар аёлати Вирҷиния гуфт, идораи мазкур дар ин авохир рӯзҳои сахте доштааст вале афзуд, ки кормандони Хадамоти Истихборотии Амрико барои мубориза бо шабакаи терористии Ал-қоида ва дигар таҳдидҳо кори пурарзише мекунанд. Барак Обама ба маъмурони амниятӣ гуфт, фавқуллода муҳим аст, то Амрико дар ҷараёни ҷанг бо терроризм ба арзиш ва идеолҳоя арҷ гузорад.
XS
SM
MD
LG