Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи аввал ва пурмоҷарои нишасти СММ


Дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ ба нишони эътироз ба баёнияи Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон, ки Исроилро “нажодпараст” хонд, як конфронси байналмилалии таҳти сарпарастии Созмони Милалро тарк карданд. Дар баёнияи баҳсбарангезаш, Аҳмадинажод ангушти иттиҳомро ба сӯи Амрико, Аврупо ва Исроил кард. Ин суханронии раиси ҷумҳури Эронро Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милал маҳкум намуд. Ҷумҳурии Чех – раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки дигар дар ҳамоиши байналмилалӣ дар мавриди мубориза ба зидди нажодпарастӣ ширкат намеварзад. Амрико, Австралия, Канада, Олмон, Исроил, Итолиё, Ҳолланд ва Зеландияи Нав аз ширкат дар ин ҳамоиши як ҳафтаина даст кашидаанд.
XS
SM
MD
LG