Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорон аз Н. Назарбоев кумак мехоҳанд


Сарварони 15 расонаи хабарӣ ва созмонҳои ғайридавлатии Қазоқистон унвонии Нурсултон Назарбоев муроҷиатномае ирсол карда, аз ӯ дархост кардаанд, ки барои баррасии вазъи расонаҳои хабарӣ бо онҳо мулоқот намояд.

Ин нуктаро онҳо дар нишасти матбуотие, ки ба ин муносибат душанбеи 20-уми апрел дар Алмаато доир карданд, баён намуданд. Аз ҷумла Гулҷон Ергалиева, сардабири нашрияи «Свобода слова», гуфт, ки солҳои охир дар кишвар фишору таъқиби рӯзноманигорони мустақил бештар аз пештар мегардад ва чандин нашрияҳо барои чопи мақолаҳои интиқодӣ аз ҷониби додгоҳ ба маблағҳои ҳангуфт ҷарима карда шуданд ва се рӯзноманигор ҳоло ба маҳбас кашида шуданд, ки ин дар таърихи Қазоқистон воқеаи гӯшношунид аст.

Аз ин хотир онҳо 10-уми марти соли равон дар назди додгоҳи шаҳри Алмаато намоиши эътирозӣ созмон доданд. Бар илова алъон дар кишвар лоиҳаи нави қонуни матбуот омода мегардад, ки он вазъи расонаҳои хабарӣ ва рӯзноманигорони озодро боз ҳам душвор хоҳад кард.

Хонум ергалиева дар ин робита ҳамчунин афзуд, мушкили умдатарине, ки алъон мавҷуд аст, ин охири ҳамин моҳ интизор меравад порлумони кишвар он лоҳиҳаи хатарнокро, ки ниҳодҳои интизомӣ ва чандин ниҳодҳои дигар омода карданд ва ҳадафи он боз ҳам душвор кардани вазъи расонаҳои хабари аст, баррасӣ намоянд.

Бо ин роҳ онҳо мехоҳанд, ки назорат ба расонаҳои хабариро шадид кунанд ва фишангҳои наверо дар ин кор ба даст оваранд. Вай мегӯяд, «агар ин лоиҳаҳо пазируфта шуда ҳукми қонунро бигирад ва мо бо ин қонун зиндагӣ кунем, мо зиндагӣ нахоҳем кард».

Ба андешаи Тамара Калеева, раиси Сандуқи байнулмилалии ҳимояи озодии баён «Адил соз», чунин амали мансабдорон мушобеҳ ба рафтори чӯпон бо гӯсфандон аст ва ӯ афзуд, ки ба ҷои мо онҳо тасмим мегиранд, ки мо бояд чиро бихонему чиро на ва чиро ва чӣ тур арзёбӣ кунем.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонум Калеева, барои аҳли ҷомеа он ҳуқуқеро, ки Қонуни асосии кишвар муайян кардааст, касе гирифта наметавонад ва мо ҳақ дорем, ки чӣ хондан ва чӣ тавр хондану арзёбӣ карданамон ва муносибатамонро ба ин ё он воқеа, ақида ва ҷаҳонбинӣ худамон муайян кунем.

Вале лоиҳаи қонунеро, ки омода кардаанду он дар бораи интернет аст, амалан мавзуъҳои интихобот, гирдиҳамоиҳо, намоишҳои эътирозиву коршиканӣ ва мавзуи муносиботи байни миллатҳоро барои ҳама расонаҳо мамнӯъ эълон мекунад ва агар барои додгоҳ ва додситонӣ амали ягон нашрияе писанд наояд, фавран дар бораи бастани он наширя ҳукм содир мекунанд.

Ширкатдорони нишасти матбуоти таъкид карданд, ки чун ҳама кӯшишу талошашон барои ба эътидол овардани вазъи расонаҳои хабарӣ натиҷае надод, онон акнун водор шуданд, ки ба Нурсултон Назарбоев муроҷиат намоянд. Онҳо мақсад доранд, ки муроҷиатномаро рӯзи 23-юми апрел ҳангоми оғози ҳамоиши расонаҳои хабарии Авруосиё, ки интизор меравад дар он раисиҷумҳур ширкат намояд, ба ӯ бисупоранд ва ба мулоқот бо раисиҷумҳур муваффақ шаванд.
XS
SM
MD
LG