Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Саммити Амрикоҳо" поён ёфт


Дар кишвари Тринидад ва Тобаго “Саммити Амрикоҳо” поён ёфт. Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, зимни суханронӣ дар ин нишаст омодагии кишвараш барои ҳамкории баробар бо ҳама мамолики қора, аз ҷумла, Венесуэла ва Кубаро эълом дошт ва аммо афзуд, ки ин ду кишвар омодагии худро барои беҳбуди равобит бо Иёлоти Муттаҳида бояд на дар сухан, балки дар амал намоиш диҳанд. Уго Чавес, раисиҷумҳури Венесуэла, ки аз мунаққидони шадиди сиёсати Вошингтон маҳсуб мешавад, гуфт, "мо имрӯз шоҳиди он чӣ шудем, ки чанд сол пеш дар он бора ҳатто фикр кардан ғайримумкин буд – Иёлоти Муттаҳида сатми сиёсии худро тағйир медиҳад. Ҳукумати ИМА дар симои раисиҷумҳури нав Барак Обама дар баробари мо мушкилотеро баррасӣ мекунад, ки мо дар бораи муҳокимаи онҳо бо дигар президентҳои амрикоӣ ҳатто фикр ҳам намекардем. Ва мавзӯъе, ки аз аввал ва баъдан пайваста мавриди баҳс қарор дошт – мавзӯъи Куба буд. Мо аз ИМА ва ҳама кишварҳои Амрикои Лотин ва ҳавзаи Кариб хостем, ки ба муҳосираи Куба хотима гузошта шавад".
Ширкаткунандагони “Саммити Амрикоҳо” бар асари боқӣ мондани ихтилоф дар мавриди ба ин нишаст даъват нашудани Куба дар мавриди имзои эъломияи ҷамъбастӣ ба мувофиқа нарасиданд.
XS
SM
MD
LG