Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавоии Покистон ба 4 пойгоҳи Толибон


Ҳамлаи имрӯзаи чархболҳову ҳавопаймоҳои ҷангии Покистон ба пойгоҳҳои эҳтимолии ҷангиён дар як минтақаи қабиланишини наздик ба марзи Афғонистон мунҷар ба ҳалокати дасти кам 12 чирикӣ шуд. Як мақоми аршади низомӣ бидуни бурдани ном ба Франс Пресс гуфт, “дасти кам 4 пойгоҳи Толибон дар натиҷаи ин бомббору мушакандозиҳо тахриб шуд.” Рӯзи шанбе ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи посгоҳи низомӣ дар шаҳри Дубаи минтақаи Ҳангу дасти кам 20 нафар аз нирӯҳои амниятии Покистонро кушта ба ҷо гузошт. Сухангӯи Толибони Покистон Байтуллоҳ Мақсуд аз номи ин гурӯҳ масъулияти он ҳамларо бар дӯш гирифта гуфт, ин иқдом ба хотири интиқоми ҳамлаҳои мушакиест, ки Амрико тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG