Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як раҳбари низомии ЭТА боздошт шуд


Вазорати умури дохилии Испания боздошти Хурдан Мартитегиро, ки раҳбари низомии ЭТА, созмони ҷудоиталабони баск, шинохта мешавад, таъйид кард. Ба гуфтаи ин вазорат, Мартитегӣ ва ду гумонбари дигар рӯзи ҷумъа дар ҷанубу ғарби Фаронса дар ҷараёни як амалиёти муштараки ниҳодҳои амниятии Испанияву Фаронса боздошт шуданд. Имрӯз дар вилояти баскҳо боз 6 узви дигари ЭТА дастгир шуд. ЭТА 40 сол боз бо талаби истиқлолияти мардуми баск муборизаи мусаллаҳона мебарад ва дар ин муддат дар қатли беш аз 800 нафар айбдор шудааст.
XS
SM
MD
LG