Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар ду сӯи марзи Қирғизистону Чин


Як заминларзаи шиддаташ 5,2 балл(тибқи ҷадвали Рихтер) имрӯз як минтақаи кӯҳистонии душворгузар дар наздикии марзи Қирғизистон бо Чинро асобат кард. Маркази зилзиланигории Амрико 140-километрии ҷануби шаҳри Қарокӯли Қирғизистонро маркази ин заминларза баровардааст. Зилзиланигорони чиноӣ дар айни ҳол як чунин заминларзаи шиддаташ 5,5 баллро дар манотиқи бо Қирғизистон ҳаммарзи вилояти Шинҷон мушоҳида кардаанд. Бино ба хабарҳо, ин офоти табиӣ дар ҳеҷ сӯи марз хисороте ба бор наовардааст.
XS
SM
MD
LG