Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ бо хушунат дар Покистон мубориза мебарад


Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон зимни муроҷиат барои кумак аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ ваъда дод, ки ба ҳама гуна хушунату зӯровариҳо дар кишвар беамон мубориза хоҳад бурд. Сарвари Покистон имрӯз дар ҳамоиши кишварҳои сармоягузор дар Токио суханронӣ кард. Дар ин нишаст мавзӯъи тахсиси 4 миллиард доллар кумаки молӣ барои мубориза бо фақр ва рушди бахши маорифу ҳифзи сиҳати Покистон баррасӣ мешавад. Аз ин пеш Сандуқи байнулмилалии пул ҳафту ним миллиард доллар қарз барои рафъи паёмадҳои бӯҳрони иқтисодиро дар ихтиёри Исломобод гузошта буд.
Дар ҳамин ҳол Таро Асо, сарвазири Ҷопон, гуфт, ки "вазъ дар Покистон бидуни субот дар Афғонистон ором нахоҳад буд ва баръакс. Мушкили калидӣ - амният дар марз аст. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд дар қиболи Афғонистон ва Покистон аз стратегияи муштарак кор бигирад".
Кишварҳои ғарбӣ аз он нигаронанд, ки дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ шояд пуштибонии созмони “Ал-Қоида” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ аз сӯи мардуми Покистон бештар шавад.
XS
SM
MD
LG