Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни марҳилаи аввали интихобот дар Ҳиндустон


Раъйдиҳӣ дар марҳилаи аввали интихоботи умумии Ҳиндустон ба поён расид. Интихоботе, ки бузургтарин маъракаи демократӣ дар ҷаҳон унвон мешавад, як моҳ идома мекунад ва дар он 700 миллион интихобкунанда дар панҷ марҳила раъй медиҳанд. Дар бархе аз минтақаҳо гурӯҳҳои маоистӣ талош доранд, ба он халал расонанд. Сиёсатшиносон мегӯянд, сабқати асосӣ байни ҳизби ҳокими Конргесси Ҳиндустон ва миллатгароёни Бҳаратия Ҷаната ҷараён мегирад.
XS
SM
MD
LG